Матни равон

Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли  2020 ба анҷом расидааст.

Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» шишабандӣ карда шуда, дохили бино бо системаи гармидиҳӣ ва сардкунӣ таъмин мебошад.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар дохили он ду адад лифт насб шуда, ба коргарону мизоҷон хизмат мерасонад.

Дар ошёнаи якум намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли ватании ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ташкил карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ соли 2013 250 нафар кор мекард. Айни ҳол бо баланд бардоштани иқтидори корхонаи қолинбофӣ теъдоди коргарон қариб ба 1000 нафар расонида шуд. Корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дар таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо қолинҳои хушбофт саҳми арзанда дорад.

Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар саросари кишвар мағозаҳои фурӯши қолин таъсис диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаро ба таъмини сифати маҳсулот ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пашм ҷалб карданд.  Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат дурнамо, воридоти технологияи муосир ва нақшаҳои ояндаи корхона оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар ошёнаи дуюми Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳ намудани иншооти мазкур бо 150 нафар ятими кулл суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.

Дар ошёнаи сеюми Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»  коргоҳи дӯзандагӣ ташкил ёфтааст, ки дар он 100 нафар духтарону занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» баъди васеъ намудани самти фаъолият дар оянда имкон аст то 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таьмин гарданд.

Бинои муҳташами Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён дар шафати роҳи асосии Хуҷанд- Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Мирзобаҳодуров ва Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.

Атрофи бино бо сафолак, гулу буттаҳо ва фурӯзонакҳои равшанидиҳанда зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин Маркази савдою хизматрасонии муосир, ташкили  коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Пешвои миллат дар ҳамин ҷо ба роҳбари коргоҳ ва масъулин ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани самти фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1597
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2641
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6832
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22930
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88527
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97206
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3473477

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?