Матни равон

(посух ба Кабириву думравонаш)

Бо оғози маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва таҷлили иду санаҳои таърихӣ “бозор”-и расонаҳои хабарии хориҷии ба ном “озод” гарм мешавад.

Манзур аз ин гуфтаҳо суханрониҳои собиқ аъзои ҳизби мамнуъшуда ва нокоми наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад

Имрӯзҳо Кабирию думравонаш баъзе аз камбудиҳои ҷузъии Тоҷикистонро калон карда (аз пашша фил сохта) нишон медиҳанд. Табиист, ки дар ҷое ки кор ҳаст камбудӣ ҳаст ва роҳи ислоҳаш низ ҳаст. Гӯё ки дар Аврупо (ҷои зисти онҳо) ҳама чиз дар ҷояш бошаду ҳеҷ як камбудиву нуқсон набошад?

Аслан бо шумоён баҳсро дӯст надорам, зеро шумо “Кури худу бинои дигаронед”. Ҳақиқатро ҳеҷгоҳ намепазиред! Ин хабисон аслан курнамаку носипосанд ва ҳеҷ гоҳ дилу дидаи ҳақбин надоштанду надоранд. Бо ин амали хеш мехоҳанд ба эҳсоси мардум бозӣ намоянд. Бехабар  аз он ки касе дигар ба шумоён бовар надорад.

Маро як чиз сахт нигарон мекунад наход дар давоми 30 соли Истиқлол ягон пешравию ободиро надидаву нашунида бошанд.

Дар замоне, ки ҷаҳонро вируси сироятӣ фаро гирифту давлатҳои абарқудрат сару ҳисоби хешро гум карданд, ҷойи изҳори ҳамдардию тасаллӣ танҳо аз марг ва ё ягон ҳодисаи нохуш ҳамватанон “фазлфурӯш” мегарданд. Ҳол он ки дар фарҳанги мардуми мо ягон ҳодисаи нохубро овозаю дарвоза кардан ҷойиз нест, чӣ расад, ки онро ба ҷаҳониён расонидан?

Шумо бухлу ҳасудед. Ҳама пешравию ободии ҳамватанони хешро дидан намехоҳед, зеро табиати шумо чун каҷдум танҳо неш задан аст.

Неши ақраб на аз роҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки Тоҷикистон зина ба зина мушкилоти иқтисодиро пушти сар карда, ҷомеа дар фикри эҷоди як идеологияи воҳиди миллист.

Насли мо на он қавмест, ки шумо Ислом-ро сипар карда, ӯро гул занед: афсонаҳои шуморо касе бовар намекунад, чунки  сурату сирати шумо хеле зишт аст. барои мо шумоён чун як ҷасади мурдаи сиёсӣ ҳастед.

Насли имрӯз шуморо намешиносад чӣ расад ба қавлу гуфтаатон. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ақлонаю осудаҳолона зиндагӣ дорад. Мо яқинем, ки имрӯз мардуми бо нангу ори Тоҷикистон фирефтаи ин афсонаҳо нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд.

Рисолати мо омӯзгорон дар он аст, ки хонандагонро  дар рӯҳияи ватандорию ватандӯстӣ тарбия намоем ва доим аз хатари экстремизму терроризм ҳарф бизанем, то дар рӯзгори мо ягон раҳгумзадаю гумроҳшуда намонад.

Абдумалики НОДИРПУР,
директори МТМУ №10-и шаҳраки
Зарнисори шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1642
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2641
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6877
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22930
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88572
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97206
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3473522

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?