Матни равон

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории маҷлиси фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, тазаккур дода қайд намуд, ки интихобот дар таърихи кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои хотирмоне гардид, ки дар он мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқати худро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлоли хеш бори дигар исбот карданд. Дар ин рӯз мардуми сарбаланди мо ба хотири рушди ҳарчи бештари Тоҷикистони азиз ва таъмин намудани ҳаёти босаодат барои ҳар як хонадони кишвар бо амри дил ва дар фазои озоду шаффоф барои ҳафт соли оянда Роҳбари муаззами давлати худро интихоб карданд. Чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳудуди шаҳр хеле дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ ҷараён гирифт. Раиси шаҳр бо истифода аз фурсат ба тамоми мардуми шарифи Гулистон ва ҳамаи масъулони ин чорабинии тақдирсоз, ки бо эътиқоду боварии бузург ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир намуда, Пешвои муаззами миллатро ба мақоми олӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода маърӯза кард. Дар маърӯза зикр шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли 2020 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 114,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 101,6 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 1,8 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 32,6 миллион сомонӣ буда, 34,5 миллион сомонӣ ё 106,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақшаи пешбинишуда 1,9 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 64 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи ҳисоботӣ се корхонаи нави саноатӣ аз тарафи ширкати ватании ҶДММ “Сахо и К” ба маблаги 6,0 миллион сомонӣ корхонаи коркарди қоғаз бо иқтидори 20 тонна дар як шабонарӯз ва 100 ҷойи корӣ, аз тарафи ҶДММ “Мурғи аълосифат” ба маблаги 10,0 миллион сомонӣ бо иқтидори 1000 тонна мурғ дар як сол бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаи ҶДММ “Хизир Назар” истеҳсоли тахтаҳои азбестӣ-шифер бо иқтидори 750 дона дар як шабонарӯз бо 15 ҷойи кории нав сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ 165 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд. Дар давоми нуҳ моҳ корхонаҳои саноатии шаҳр бо 17 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 79,3 млн. долларро ташкил дода, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 18,5 млн. доллар баробар шуда, фарқияти содирот аз воридот 4,3 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ гардиши савдои хориҷӣ маблағи 97,8 млн. долларро ташкил додааст. Ба иқтисодиёти шаҳр дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ба маблағи 100,8 млн. сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 50,9 млн. сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 49,9 млн. сомонӣ инвеститсияи дохилӣ мебошад.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12097 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 958 ҷой зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 10324 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 885 нафар зиёд гардидааст. Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2111 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 83 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 36,3 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст. Фондҳои асосӣ 6,4 миллион сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,3 маротиба зиёд иҷро шудааст. Иҷрои корҳои пудратӣ 38,1 миллион сомонӣ, ё ки 3,2 маротиба зиёд гардидааст.

Дар ин давра зиёда аз 149 иншооти ҷашнӣ ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 82,7 фоизи нақша мебошад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон, низ санаи 16-уми октябри соли 2020 дар минтақаи саноатии шаҳр ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи таҷдиди нақша иловатан 80 иншооти ҷашнии дигар ва дар маҷмӯъ беш аз 250 иншоот ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд, тармим ва азнавсозӣ карда мешаванд.

Сипас Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз Нозироти андоз, бахши саноат ва энергетика, Шабакаҳои барқи шаҳри Гулистон, соҳаҳои иҷтимоӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо доир ба фаъолияташон пурсишҳо ба амал оварда, доир ба пешбурди соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласаи фаъолон намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метерология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи фаъолон ба як қатор пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:361
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2763
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:361
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21038
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87024
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97359
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3569333

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?