Матни равон

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки аъзои Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласаи навбатии он баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Комиссия дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фазлиддин Орифзода маърӯза карда, қайд намуд, ки барои омодагӣ ба давраи зимистон дар маҷмӯъ 544,4 ҳазор сомонӣ маблағ барои харидории сӯзишворӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардида, захираҳои зарурӣ дар муассисаҳои буҷетӣ омода карда шудааст.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо ангишт, гази моеъ ва ҳезум 11 нуқтаи статсионарӣ ва сайёрӣ фурӯши онҳо ташкил карда шудааст.

Доир ба масъалаи “Омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021” муовини раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода Ҳикматулло Амонов маърӯза намуда, зикр дошт, ки дар 10 моҳи соли 2020 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 2 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад. Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ё худ (COVID-19) дар муассисаҳои таълимии шаҳр 7 маротиба ва бо сарбозони қисми ҳарбии 45025 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳдоштӣ ташкил ва роҳандозӣ карда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи шуъбаи безараргардонии шаҳри Гулистон 4 маротиба ҳудуди қисми ҳарбии мазкур безарар гардонида шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои безараргардонии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании шаҳр дар маҳаллаҳо, кӯчаҳо ва гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва хонаҳои истиқоматӣ 80 маротиба корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳдоштӣ бо воситаи гардиши хона ба хона беш аз 60 маротиба ташкил ва роҳандозӣ карда шуда, маводҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардиданд. Аксияи умумишаҳрии “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус эҳтиёт намо!” гузаронида шуд. Вобаста ба васеъ будани ҳудуди обии шаҳр ҳодисаи ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигароникунанда ба шумор рафта, аз оғози мавсими оббозӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон ва ба танзим даровардани обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”-и шаҳр дар мавсими оббозии соли 2020 корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, ягон ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ селроҳаҳои ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор ва Навгарзан аз тарафи кормандони хоҷагии коммуналӣ ва бо ҷалби аҳолӣ тоза карда шуда, бо мақсади мустаҳкам намудани соҳили селроҳаҳо дар шафати селроҳаи мазкур шинонидани дарахтон ба роҳ монда шуд.

Дар баррасии масоили муҳокимашуда Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз масъулин пурсишҳо ба амал оварда, ба бахши нақлиёт ва коммуникатсия, корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳру шаҳракҳо оид ба дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои зарурӣ, захираҳои сӯзишворӣ ва маводҳои зидди лағзиш, тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмири роҳҳои автомобилгарди шаҳр, ба шуъбаи маориф доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, ба шабакаҳои барқи Гулистон доир ба омода намудани иншооти барқтаъминкунӣ дар давраи зимистони солҳои 2020-2021, ба масъулини соҳаи тандурустӣдоир ба омодагии муассисаҳои тиббӣ ба мавсими сармо, инчунин тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва оид ба пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори ҷаласаи комиссияи шаҳрӣ муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Анварҷон Қосимов иштирок ва суханронӣ намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:562
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2763
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:562
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21038
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87225
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97359
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3569534

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?