Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Ҷамъомади ботантана бо ба саҳна баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намояндани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт” Муҳаммадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  манзури гулистониён кард.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода сокинони шаҳрро бо рӯзи фархундаи  Парчами давлатӣ муборакбод намуд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

 

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Парчами давлатӣ дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ барои мардуми мо муқаддас аст.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони номии вилояти Суғд барномаи марғуби консертиро дар ситоиши Ватан, Истиқлолият, ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Парчамат парфишон бод, Тоҷикистон!” манзури иштирокчиёни ҷамъомади ботантана намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:426
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1291
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1717
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10599
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57470
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:62892
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3696292

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?