Матни равон

Табиист, ки бо суқути давлати шӯравӣ идеологияи он низ аз байн рафт ва дар Тоҷикистон як навъ фазои холии идеологӣ ба миён омад, ки аз он ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯю бегонапараст моҳирона истифода карданд. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш намуданд, ки дар байни сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низоу нифоқ андозанд ва ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб созанд. Ба ин васила онҳо раванди эҳёи дини исломро ба манофеи худ истифода бурда, ба мазҳаби муътадили ҳанафӣ ва эҳёи воқеии динӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшонданд ва фаъолона ба қишри ҳассоси ҷомеа - ҷавонон таъсир расонданд. Абулқосим Фирдавсӣ аз риёкории ин тоифа ба танг омада, гуфта буд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

Ин рафтору кирдори онҳо зарари зиёди ҷонӣ, моддӣ, маънавӣ ва рӯҳиро дар кишвар ба бор овард. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намудаанд: “Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид. Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем. Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд”.

 

Маҳз мафкураи солими миллат омили ҳувиятсози миллати сиёсист. Вале ин муҳаррики ваҳдатовари миллат дар масири таърих бо бемориҳои худбоварию тундравӣ мубтало шуд. Аз ин рӯ, суханронии Пешвои миллат бори дигар водор менамояд, ки дар қиболи таҳдидҳои ҷаҳонӣ бо мақсади пойдорию бардавомии миллати сиёсии халқ кӯшиши ворид шуданро намоем. Зеро миллати муосири сиёсӣ, бе вуҷуди мафкураи солими миллии рушдкунанда ва вобаста ба шароит такмилёбанда ғайриимкон аст. Дуруст, аст ки ҷавҳари мафкураи миллиро Конститутсия дар моддаи як дар шакли давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона муайян намудааст. Ин ҳама арзишҳои олии дар шакли падидаҳои ҳуқуқӣ таҳияшуда ҳадафи ниҳоӣ ва шоҳроҳи рушди давлату миллат аст. Табиист, ки ҷиҳати расидан ба ҳадди арзандаи ормонҳои миллӣ барои халқ муҳаррики маънавӣ ва солими мафкураи ҳидоятгар зарур аст, ки шуури ҷамъиятӣ ва фардии ҷомеаро нозиру ҳимоятгар бошад. Набудани мафкураи солим аз надонистани ҳақиқати таърихӣ ва таъиноти иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии миллат дар даврони муайяни таърихист.

Идеяи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсур ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ – мубориза барои ҳастии миллат ва бартарафсозии хавфи азбайнравии давлат ҳамоно боқӣ мондааст. Хусусан, аз лаҳзаи зуҳури худ халқи тоҷикро дар ҳайати давлатҳои шоҳаншоҳии мутлақи динӣ (теократӣ) – бохтариҳо, ҳахоманишҳо, қушониҳо, сосониҳо, тоҳириҳо, саффориҳо, сомониҳо, ғазнавиҳо, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва сарбадориҳо, дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии шуравӣ то истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ метавон ҳамчун як навъ давлатдории тоҷикон дар аҳди сулолаҳои гуногун ва давлати иттифоқӣ маҳсуб донист.

Қобили қайд аст, ки асоси идеяи миллиро ҳамкории мутавозуни шахс, ҷамъият ва давлат ташкил медиҳад. Бо ҳамин асос идеяи миллӣ метавонад, ки аз зинаи поён аз тафаккури халқ сарчашма гирад ва ё худ аз боло ҳамчун низоми демократияи марказонидашуда то поён таҳмил карда шавад.

Пешгирии беморӣ беҳ аз табобат гуфтаанд ва ҷомеае, ки мубталои вабои ақидагароию ифротгароӣ аст роҳи табобати душвор ва тӯлониро дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи болоии мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: “Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад”. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки баҳри солимии мафкураи худ ва ҷомеа талош намоем. Дар пайи ин масъала аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор корҳо аз қабили баргузории озмунҳоии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман”, ҷалб намудани ҷомеа ба варзиш ва рушду такомул бахшидани он, бунёди макотиби олӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба илмомӯзӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2857
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17355
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:73433
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7715353

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?