Матни равон

Ниёгони мо дар гузашти рӯзгор асарҳои мондание боқӣ гузоштаанд, ки дар онҳо масоили ватану ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми он ҷойгоҳи хоса дорад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат ба ҷаҳониён аст, ки гӯяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳ ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ беш аз ҳар вақти дигаре ниёзи ҷомеа мебошад. Зеро таҳоҷуми фарҳанги бегона имкон дорад, ки бедорӣ ва ҳувияти миллии халқҳоро аз байн барад ва мафҳумҳои арзишманде аз қабили забон, фарҳанг, Ватан, миллат ва амсоли инро барои насли ҷавон беарзиш ҷилва диҳад, ки хатари бузурге барои амнияти миллӣ дорад.  Набояд фаромӯш кард, ки ин мафҳумҳои муқаддас дар назди ниёгони мо ҳамеша гиромӣ будаанд ва далели онро метавон дар ашъору осори эшон возеҳу ошкор мушоҳида кард. Дар тӯли таърихи мавҷудияти миллати тоҷик касе натавонистааст, ки миллати бофарҳанги моро инкор намояд, агарчи талошҳои хеле зиёде ҳам дар тӯли таърих сурат гирифтааст. Далели аслии он фарзандони донишманд, шуҷоъ ва шоирону нависандагони бузурге мебошанд, ки осори эшон ба унвони сипари муҳкаме дар баробари таблиғоти нодурусти бегона истодагӣ кардаас. Фирдавсӣ бо шиори маъруфи худаш вақте мегуфт:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ин паём дар дили ҳозорон тоҷик ҳисси мардонагиву шуҷоатро бедор месохт, то Ватанашро аз бегонагон ҳифз намуда, амнияти кишварашро аз ҷонаш ҳам муқаддас дорад. Адабиёти тоҷик ба унвони ғизои маънавии гузаштагони мо дар вуҷуди наслҳо ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро пайваста тараннум намудааст.

Тақрибан ҳамаи шоирони тоҷик ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳамдилӣ дар осорашон таъкидҳои фаровон доштаанд ва онро ба унвони як мавзӯи муҳим баррасӣ намудаанд.  Мазомин ва мафоҳими бештари ашъори классикони мо тарғиби амнияту субот ва ҳамдиливу ҳамзистӣ ба шумор меравад. Ин мафҳум бештар бо мафҳуми ваҳдату иттиҳод миёни мардум дар шеъри форсӣ корбаст гардидааст.

Ҳофизи Шерозӣ ин масъаларо хеле моҳирона ва дар зеботарин шакл   баён доштааст. Дарвоқеъ, мардумозорӣ сарчашмаи тамоми нобасомониҳост. Вақте инсон аз мардумозорӣ даст мекашад ва ба инсонҳо дар фазои дӯстиву бародарӣ зиндагӣ мекунанд, дигар кори баде аз ӯ сар намезанад, зеро ҳар кори баде дар дунё натиҷааш ба озори мардум хатм мешавад. Ҷойи дигар Ҳофиз бо андешаи риндонаи худ фаротар рафта мегӯяд:

Май бихӯр, Мусҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

Албатта, ғарази аслии шоир ин нест, ки Мусҳафро бисӯз, ё оташ дар Каъба андоз, балки Лисону-л-ғайб мехоҳад бигӯяд, ки бадтарин гуноҳҳо ва бузургтарини айбҳо ин мардумозорист.

Дар назари кӯтоҳе ба осори ниёгон метавон абёти бешумореро дар ин мавзӯъҳо пайдо кард. Ин гувоҳӣ бар он аст, ки гузаштагони мо доир ба масъалаи ватандорӣ ва ҳифз намудани он таваҷҷуҳи хосса доштанд. Маҳз ин таваҷҷуҳ буд, ки фарзандони фарзонаи миллат ба мисли қаҳрамонҳои халқи тоҷик барои ин миллат фидокориҳо намудаанд. Пас аз мутоли осори ниёгон эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар вуҷуди хонанда бедор мегардад. Дар замони имрӯз ҷавононро мебояд, ки ба корҳои беҳуда  дода  нашуда ба китобу китобхонӣ рӯй оваранд ва пеш аз ҳама  ба масъалаҳои ҳифзи ватан ва арзишҳои он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Чун ояндаи Ватан дар дасти онҳост, бояд аз ин рӯз баҳри пояи устувори он заҳмат бикашанд.

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:202
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4070
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10499
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40464
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682384

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?