05 Ноябр 2015
Имрӯз, 5 ноябр дар Кохи Истиқлоли шаҳр бахшида ба таҷлили 21- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили солгарди 21-ум аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудани Раиси шаҳр ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар оғози суханронӣ Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро «ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат» номида, бо ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамшаҳриёнро бо ин санаи фархунда самимона шодбош гуфт.
Бо ёдоварӣ аз таърихи пуршебу фарози солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва мушкилоти давлатсозии навини тоҷикон гуфтаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд: «Мо бояд танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем».
Муборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳузурдоштагони чорабинии идона, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аҳрорхон Хоҷаев қироат кард.
Бо овардани китоби рамзии Конститутсия ба саҳна ва қироати 10 боби Сарқонун аз ҷониби толибилмони гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ оғоз ёфт.
Барномаи рангини консертӣ таҳти унвони «Фархундагию сарсабзиҳо аз Сарқонун», ки аз ҷониби ҳунарварони бахши фарҳанг пешкаши ҳозирин гардонида шуд, басо ҷолибу хотирмон буд.