09 Ноябр 2015
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳр!
Шуморо бо иди касбиатон, ки ҳар сол 10 ноябр таҷлил мегардад, табрик намуда, дар иҷрои вазифаи масъулиятноку шарафманд, яъне ҳифзу ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзумандам.
Рӯзи 10 ноябри соли 2015 ба таъсисёбии милитсияи тоҷик 98 сол пур мешавад. Бояд таъкид намуд, ки милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон, аз тамоми санҷишҳои душвори таърихӣ гузашта, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре ёдовар мешавад: «Таъминоти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ вогузоштаанд».
Бо ба даст овардани Истиқлолият саҳифаи нави таърихи милитсияи тоҷик кушода шуд. Кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи он душвориҳои мавҷударо ба дӯши худ гирифта, баъд аз хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ низ дар нобуд сохтани дастаҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ва ҷинояткориҳои муташаккил муборизаи шадид бурда, рӯзгори осудаи мардумро таъмин намуданд. Маҳз дар натиҷаи ҷоннисориву талошҳои содиқонаву мардонавори онҳо таҳдидҳои хатарноки ҷомеа бартараф карда шуданд ва имрӯз дар муҳити сулҳу субот ва танҷиву оромӣ ҳаёт ба сар мебарем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҷашни 98-умин солгарди таъсисёбии милитсияро ба ҳамаи кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳр табрику таҳният намуда, барояшон умри дароз, сарбаландию саодатмандӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Иди касбиатон фархунда бод, ҳомиёни тартибот!