Матни равон

Ҳифзи меҳнат дар мадди аввал3-юми декабр дар Кохи Истиқлол семинар - машварати дастурдиҳии муштараки шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли  аҳолии шаҳри  Қайроққум  ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи   вилояти   Суғд   оид ба созишномаҳои  коллективӣ, ҳифзи  меҳнат ва  шуғли  аҳолӣ бо раисони кумитаи иттифоқҳои касаба, сардорони шуъбаи кадрҳо баргузор гардид. Ҳадафи семинар – машваратӣ дастурдиҳӣ ба таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Қонунҳои Кодекси меҳнат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷойи кор ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон, нигаронида шуда буд.

Дар бораи «Шаклҳои нави пешниҳоди ҳисоботҳои шуғли аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, созишномаи коллективӣ ва ҳифзи меҳнат» сардори Шӯъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қайроққум Ғолибҷон Юлдошев баромад кард.

Баромадкунанда дар ҷараёни маърӯза таъкид дошт, ки имрӯз  дар  шаҳри Қайроққум  аз  тарафи  бахши  омор  227  ташкилот  ба  қайд  гирифта  шудаанд, ки  аз  онҳо  189-тояш  фаъолият доранд. Теъдоди  корхонаҳои  зиёда  аз  3  нафар  коргар  дошта  ва  тибқи  қонунҳои  амалкунанда  дар   ин  корхонаҳо  бояд  ташкилоти  иттифоқи  касаба  таъсис ёбанд 139  ададро  ташкил  медиҳанд  ва  аз  онҳо 104 ташкилоту  муассисаҳо шартномаҳои  коллективиро  ба  имзо  расонидаанд, ки  ин  81дарсадро  ташкил  медиҳад. Чунин вазъ боиси нигаронист.

Баъдан муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи соҳаи кимиё, нафту газ ва дигар соҳоти вилояти Суғд Саидюсуф Афзалов,    ҳуқуқшиносӣ ҳамин Федератсия Инъомҷон  Бузруков, намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкорон дар вилояти Суғд Маъруфҷон Алибоев, раиси иттифоқи касабаи ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҳоҷимуҳаммад Салимзода ва   мутахассис дар соҳаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Аминҷон Ҳайдаров доир ба ҳифзи меҳнат, таъмини фароғат, ҳолати ба имзо расонидани созишномаҳо, муносибатҳои меҳнатӣ, омодасозии кадрҳои коргарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва амсоли инҳо фикру мулоҳизоти хешро назди иштирокчиён иброз доштанд.

Дар фарҷом ба суолҳои иштирокдорони семинар – машварат аз ҷониби нафарони масъул посухҳои саҳеҳ дода шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3584
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6177
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39776
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681696

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?