Матни равон

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки чоруқдаррон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забон ҳастии миллат аст” баргузор гардид. Дар конфренсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ ҳузур доштанд.

Конфренсияро Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳусни оғоз бахшид. Зикр гардид, ки Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоиде фароҳам гардид ва забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯ ва инкишоф имкониятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама шароити мусоиди сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бидуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад.

Масалан, имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ ва ҳисобдорӣ истифода шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд. Инчунин ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати забонии худро тавре ба роҳ мондааст, ки омӯзиши забонҳои бегона, яъне англисӣ, русӣ ва ғайра бояд ба воситаи забони давлатӣ сурат гирад. Дар ташаккул ва рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Таълифи асари пурарзиши “Забони миллат – ҳастии миллат” шоистаи таҳсин аст. Дар ин асар доир ба ҷанбаҳои гуногуни забон сухан рафтааст ва омӯзиши он барои насли наврас ва муҳаққиқон манфиатовар аст.

Мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ ва тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” суханронӣ намуд. зикр карда шуд, ки тадбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мову Шумо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст:

1. Забони форсии қадим.

2. Забони форсии миёна.

3. Забони форсии нав.

Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд. Бо мурури замон, бо дарназардошти он ки аз қабули Қонуни зикргардида бист сол сипарӣ гардид ва зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктстон ба имзо расид. Инак, ҳар сол мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2008 бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардида, ин иқдоми накӯ, хеле саривақтӣ ва нишонаи ғамхории беназир буда, боз як далели арҷгузории фарҳанги миллӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Илова бар ин лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Ҳамчунин, доир ба таҳрири нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” ба иштирокчиён маълумоти муфассал дода шуд.

Директори муассисаи таълимӣ Зулфия Ҷолиева низ доир ба бузургии забон ибрози андеша намуд. Дар фарҷом омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассиса Гулафшон Давронова барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфренсия изҳори сипос намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4976
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19474
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75552
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7717472

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?