Матни равон

Дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ҷиҳати гузаронидани бозиҳо барои дарёфти Лигаи якуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сафар намуд. Пас аз қуръапартоӣ маълум гардид, ки дастаи “Гулистон” аз минтақаи Суғд бо дастаи “Покиза” аз шаҳри Душанбе ва дастаи “Сарҳадчӣ” аз минтақаи Хатлон бо дастаи “Меҳргон” аз минтақаи Рашт бо ҳам дидор анҷом медиҳанд.

Бозиҳои ниманиҳои имрӯз 25-уми ноябр оғоз гардиданд. Дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва дастаи "Покиза" аз шаҳри Душанбе андари майдони рақобат гардиданд. Фаъолияти пурзаҳмати яксола, ки дастаҳоро дар митақаҳои худ ғолиб гардонда буд аз ҳамаи бозигарони ҳар ду даста масъулияти зиёдро талаб менамуд. Дастаҳо ба майдон танҳо барои пирӯзӣ ворид гардида буданд. Бозӣ шавқовар ва пурҳаяҷон ҷараён гирифт. Дастаҳо ҳуҷумҳои пайваста намуда, имкон пайдо намуданд, ки хати дарвозаи ҳамдигарро се маротибагӣ рахна намоянд. Ҳаминтавр бо ҳисоби 3-3 дар 90 дақиқаи вақти асосӣ ғолиб муайян нагардид. Барои муайян намудани ғолиб вақти изофагӣ дода шуд. Дар тӯли 30 дақиқаи вақти иловагии дидор бозигарони дастаи “Гулистон” бо кӯшишҳои зиёд дарвозабони ҳарифро маҷбур намуданд, ки ду маротибаи дигар тубро аз дохили тури дарвозааш гирад. Ҳарифон низ имкон пайдо намуда хати дарвозаи дастаи “Гулистон”-ро бори чорум рахна намуданд. Ҳаминтавр бозӣ бо ҳисоби 5-4 ба фоидаи дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ба анҷом расид.

Аз дастаи “Гулситон” тубҳоро Салоҳиддин Одиназода ду маротиба, Ҷӯрабой Исоев, Ранҷид Ёрматов ва Мӯҳсин Рустамзода як маротибагӣ вориди дарвозаи ҳариф намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 ҳуқуқи иштирок дар ҳайати дастаҳои Лигаи якум дар соли 2022-ро ба даст меоранд

Дастаи “Гулистон” бо ғалабаи муҳим дар дидор бо дастаи “Покиза” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва ҳамзамон ҳуқуқи иштирок дар ҳайати дастаҳои Лигаи якум дар соли 2022-ро ба даст овард.

Дар даври ниҳоӣ дастаи “Гулистон” бо ғолиби ҷуфти "Сарҳадчӣ"-“Меҳргон" рӯзи 27-уми ноябр барои ба даст овардани ҷоми ин мусобиқот вориди майдон мешавад.

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1171
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14839
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:30121
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:102943
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:119432
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4869539

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?