18 Декабр 2015
15 декабри соли 2015 дар Қасри Арбоб мулоқоти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёни қайроққумӣ баргузор гардид.
Дар баромади хеш Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳуриро роҷеъ ба сиёсати давлатии ҷавонон сармашқи фаъолият қарор дода, дар ин радиф ба тарбияи кадрҳои соҳибтахассус, сатҳи маърифатнокӣ ва маънавиёти онҳо, мадад ба ҳифзи иҷтимоии онҳо ва дигар масоили марбут ба ҷавонон диққати аввалиндараҷа ва доимӣ дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст.
Дар Паёми имсола Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд», - идома дод Раиси шаҳр.
Бояд қайд кард, ки 25 фисади аҳолии шаҳрро (11 ҳазору 43 нафар) имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд ва боиси хушҳолист, ки зиёда аз 500 нафар ҷавонони шаҳр айни ҳол дар макотиби олии вилоят таҳсил доранд.
Зимни баромад Матлубахон Амонзода таъкид дошт, ки дар қаламрави шаҳр 29 корхонаи саноатӣ, қариб 200 муассисаю ташкилотҳо фаъолият доранд, ки беш аз 30-тои онҳо ташкилотҳои буҷетӣ мебошанд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонон чун идомадиҳандагони таъриху фарҳанги миллату меҳан баҳри ободии кишвар, тинҷиву амонии мамлакат, рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, ормонҳои волои худро чун ворисони арзанда амалӣ менамоянд.
Дар охири ҳамоиш ба 70 нафар донишҷӯён аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба миқдори 100 сомонӣ ба ҳар яке супорида шуд.