20 Декабр 2021
Имруз 20 декабри соли 2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо доир гардид.
Дар машварати корӣ масъалаи иҷрои дастуру супоришҳо, ва санадҳои аз тарафи раиси шаҳр қабулгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар баромади худ Муродов И.-и.в.роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ишора ба омодагии иншоотҳои навбунёди кудакистони “Бобуна”, биноҳои КИ ҲХДТ ва МТИ, раванди барқароркунии боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик” карда, қайд намуд, ки новобаста ба охир раидани корҳои асоси дар ин иншоотҳо инчунин ҷузиётҳое вуҷуд доранд, ки иҷроиши онҳо аз фаъолияти масъулини ин соҳаҳо вобаста аст.
Инчуни роҷеъ ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бунёди корхонаҳои навтаъсис маълумот дода, ишора карда шуд, ки барои тезонидани корҳо дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Ҳамчунин оиди ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19,рафти барқароркунииқубурҳои обгузар аз тарафи ҶДММ”Фаррухрӯз”, ҳуҷҷатгузории замин барои сохтмони иншооти обтозакунӣ ва дигар масъалаҳо маълумот дода шуд.
Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода вобаста ба масъалаҳои болозикр дар назди масъулон супоришҳои мушаххас гузошта,таъкид намуд, ки роҷеъ ба ҳар як масъалаҳои баррасишуда то охири ҳафта гузориш пешниҳод карда шавад.
Инчунин роҷеъ ба амрҳои раиси шаҳр дар бораи таҳлили камшавии саршумори моҳӣ ва пешгирии сайди ғайриқонунӣ дар обанбори “Қайроққум”, назорати кашидани хатти оби нӯшокӣ, тадбирҳои иловагӣ вобаста ба омодагии биноҳои маъмурии роҳи протоколӣ ба гуруҳҳои корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.