Матни равон

Имрӯз 30.12.2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия 9 масъала пешниҳод гардид. Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим –сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок дошт.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода-раиси маҷлис оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар соли 2021 баромад намуда, изҳори андеша кард, ки дар маҷмӯъ фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқро мусби арзёбӣ кардан мумкин аст. Барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет, таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бунёди иншооту сохтмонҳои нав, кабудизоркунӣ, таҷдиди боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик”, рангубори биноҳои баландошиёна, таъмири муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ, иҷрои пурраи нақшаи бунёди иншоотҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Бо вуҷуди ин камбудиҳо дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо вуҷуд доштанд ва барои бартарафсозии онҳо мо бояд саъю талоши дучанд намоем.

 

Раиси шаҳр аз заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлату ҳукумат ёдовар шуда, ишора намуд, ки ҳамаи ин талошҳо ба хотири зиндагии сазовору арзандаи мардуми шарифи Тоҷикистон равона шудаанд ва моро водор месозанд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бузург эҳсос намоем.

Бердиева Н.-раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон дар музокира қайд намуд, ки ҳамаи ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳракҳо низ эҳсос мешавад. Ишора карда шуд, ки ташкилоту муассисаҳои шаҳрак фаъолияти пурсамар доштанд ва аҳолии шаҳраки Чоруқдаррон низ бо шукургузорӣ аз сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ташкили ҳашарҳо, тозаву озода намудани кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо, назди хонаҳои истиқоматӣ корҳои зиёдро ба иҷро расониданд.

Вобаста ба тасдиқи буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2022 Аъзам Муротзода -сардори Раёсати молияи шаҳр баромад намуда, қайд кард, ки он дар ҳаҷми 63090,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрошаванда буда аз масъулияти баланди роҳбарони ҳама ташкилоту корхонаҳои шаҳр вобастагӣ дорад.

Инчунин дар иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети шаҳр дар семоҳаи чоруми соли 2021 ва масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Гулистон баррасӣ гардид.

Дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр инчунин масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025”, дар шаҳри Гулистон баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Шириншоҳ Шоҳтемур” №28 оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1287
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14955
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:30121
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:103059
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:119432
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4869655

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?