Матни равон

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Имрӯзҳо мо сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҷашн мегирем.

Дар иртибот ба ин санаи муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикот ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ирсол медорам.

Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд.

Мо аз ҳолати имрӯзаи муносибатҳои мутаносибан судманд миёни кишварҳоямон, ки бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба дурнамои дарозмуддати онҳо дидгоҳи нек дорем.

Итминони комил дорам, ки ҳамкории ду кишвари дӯст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрӯз андӯхта минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардумони мо хизмат хоҳанд кард.

Бо таъкиди манфиатдории доимии ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди самарабахши ин раванд омодагии хешро ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳор менамоям».

Дар барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан аз ҷониби худ ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин мефиристам.

Тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд.

Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем.

Мунтазам эътимоди стратегӣ густариш ёфта, аз ҳамдигар оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо қотеъона дастгирӣ сурат мегирад, ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун босуръат рушд меёбад, натиҷаҳои пурсамар оид ба бунёди баландсифати муштарак дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дастрас мегарданд.

Баъд аз паҳншавии бемории ҳамагири КОВИД-19 мардумони ду кишвар якдилона ва ба ҳамдигар кумак намуда, ҳама мушкилӣ ва андӯҳро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд.

Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва ният дорам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо, бо истифода аз имконияти ҷашни 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистонро дарёфт намоем, ҷомеаи бештар наздики тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро ба манфиати мардумони ду кишвар бунёд намоем.

Ба Шумо комёбиҳои корӣ ва сиҳатмандии комил таманно дорам.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва ба мардуми он некуаҳволӣ ва саодат орзумандам».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1318
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4263
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1318
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25642
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48990
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109622
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5569147

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?