31 Январ 2022
Санаи 31-уми январи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ аз Ҷамоати шаҳраки Сирдарё то даромадгоҳи ғарбии шаҳр боздид ба амал овард.
Дар ибтидо и.в Раиси шаҳр аз бинои навбунёди муассиси таълимии томактабии №22 “Бобуна”-и Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, ки дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад дидан намуд. Доир ба корҳои анҷомёфта иттилоъ дода шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Раъно Ҳошимзода бо корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак шинос гардид. Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрак тавсияҳо дода шуд. Масъулини ҷамоати шаҳрак муваззаф гардиданд, ки дар ин самт фаъолиятро густариш диҳанд.
Ҳамчунин, и.в Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз Ҷамоати шаҳраки Сирдарё то даромадгоҳи ғарбии шаҳр аз вазъи корҳои сабзу хуррамгардонии шафати роҳи протоколӣ дидан намуд. Ҷиҳати сарсабзу хуррам нигоҳ доштани шафати роҳи протоколии шаҳри сайёҳӣ, шинонидани гулҳои ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз, зери назорат қарор додани шиору овезаҳо, нигоҳубини корҳои анҷомдодашуда ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Масъулин иброз доштанд, ки барои иҷрои саривақтии супоришҳо кӯшиш менамоянд.