15 Феврал 2022
Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28-уми январи соли 2022 дар шаҳри Гулистон 15 феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим оид ба Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2021 баргузор гардид.
Ба нишасти матбуотӣ ҳайати дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, сарварони корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ширкат доштанд.
Дар оғози чорабини Ҳошимзода Раъно Ҳошим-иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон оид ба Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2021 маълумоти муфассал дода, сипас ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои саҳеҳ дода шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма бештар аз вазъӣ соҳаи саноати шаҳр, алалхусус фаъолият надоштани корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ ба монанди ҶСК “КФНЛ” ва ҶСК “ГОК Адрасмон” таваҷҷуҳ зоҳир карда, нақшаҳои ба кор андохтани ин корхонаҳои пуриқтидори саноатиро пурсиш намуданд. Инчунин нақшаҳои рушди соҳаи саёҳии шаҳрро ҳамчун соҳаи сердаромад пурсиш намуданд. Ҳошимзода Раъно Ҳошим-иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон фаъолияти ин соҳаҳоро дар соли 2021 мусбӣ арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки ин тадбирҳо дар соли 2022 идома хоҳанд ёфт ва дар маҷмуъ нақша доранд, ки дар солҳои саноатикунонии кишвар, яъне то соли 2026 зиёда аз 21 корхона бо шумораи 420 ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.
Хабарнигорон аз фаъолияти Ҳошимзода Раъно Ҳошим ҳамчун раиси шаҳри Бустон ёдовар шуда, бо қаноатманди изҳор намуданд, ки дар шаҳри Гулистон низ бо масъулияти баланд барои гулгулшукуфоии ин гушаи диёри ватани азизамон фаъолияти пурсамар бурда, ҳиссаи назарраси хешро дар рушди соҳаи саноат, тақвияти соҳаи сайёҳӣ ва дар маҷмӯъ барои рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мегузоранд.