16 Феврал 2022
Дар шаҳри Гулистон соли ҷорӣ бунёди 6 адад корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим барои шиноси аз раванди корҳои сохтмонӣ дар ин корхона ва коргоҳҳо ба минтақаи саноатии шаҳр ташриф овард.
Дар даромади корхонаи ҶДММ “Тиглат” соҳибкор Ҷамилов Обидҷон Орифҷонович меҳмононро пешвоз гирифта итилло дод, ки корхона ба истеҳсоли ранги сохтмони ва хокаҳои хушки сохтмонӣ пешбинӣ шуда, бо маблағи 5 миллиону 650 ҳазор сомонӣ бунёд карда мешавад. Пас аз мавриди истифода қарор додани корхона то 30 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин мегарданд. То имруз биноҳои маъмурӣ ва анборҳо сохта шуда, ворид кардани таҷҳизотҳо аз кишварҳои Россия, Украина ва Туркия мувофиқа шудааст. Ҳошимзода Раъно Ҳошим-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба роҳбари корхона дастур доданд, ки суръати корҳои сохтмониро тезонида барои ҳарчӣ зудтар ворид намудани таҷҳизотҳо тадбирҳо андешида шавад. Сохтмонҳо бояд мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Боздид аз корҳои сохтмони дар ҶДММ “Мурғи бебаҳо” нишон дод, ки роҳбарияти корхона барои ҳарчи зудтар мавриди истифода қарор додани ин корхона корбари намуда истодаанд. Тибқи иттиллои директори корхона Ширинов Илҳомҷон Комилович корхона ба истеҳсоли маҳсулоти гӯшти паранда пешбинӣ шуда, бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ ба истифода дода мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол то 180 тонна гӯшти мурғи парҳезӣ пешбини шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор додан то 20 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин мегарданд. Ҳошимзода Раъно Ҳошим-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки суръати корҳои сохтмониро тезонида барои ҳарчӣ зудтар ворид намудани таҷҳизотҳо чораҷуй намоянд. Сохтмонҳо бояд мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд. Ба масъалаҳои ободонии атроф эътибор зоҳир намуда, барои таъмири роҳҳо ва сабзкории ҳудуди корхона корбарӣ намоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим ба раванди корҳои сохтмони дар корхонаҳои парандапарварии ҶДММ “Парандаи заррин” ва ҶДММ “Ганҷи сомон” баҳои мусбӣ дода, дастур доданд, ки барои дар ваҷти муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ ҷарор додани корхонаҳо чораҷуй намоянд. Корхонаҳои мазкур низ ба истеҳсоли маҳсулоти гӯшти мурғ нигаронида шуда, иқтидори истеҳсолиашон дар як сол то 500 тонна гӯшти мурғи парҳезиро дар бар мегирад. Роҳбарони ин корхонаҳо Умаров Абдусолеҳ ва Қурбонов Саидҷон ваъда доданд, ки дар вақти муқарраршуда барои ба истифода додани корхонаҳо омода мебошанд.
Инчунин Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим аз раванди корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи оксигенӣ боздид намуда, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки бинобар маҳсулоти серталаб будан ба бунёди он эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Бинобар ин барои босифат анҷом додани корҳо чораҷуй карда шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар навбати худ омода аст, ки барои бартарафсозии мушкилиҳо ҳамаҷониба дасти кӯмак дароз намояд.