17 Феврал 2022
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ хониши сиёсӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Аҳлиддин Тоҷиддинов иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маҳкам Миркамолов собиқадори меҳнат ва устоди ДДҲБСТ Ғолибҷон Санавваров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидааст. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизамон зиндагии осуда доранд.
Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Чунончи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: “Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад”.
Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад. Метавон гуфт, ки татбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст.
Сипас, бо донишҷӯён суҳбати озод ҷараён гирифт.