Матни равон

Санаи 18-уми феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар толори Муассисаи давлати “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” бо намояндагони соҳаи маорифи шаҳр кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар аснои суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

 

Лозим ба зикр аст, ки дар ин давра ҷиҳати рушди соҳаҳои мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар соҳаи илму маориф дар ин муддат 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин афзуда шуд, ки бо таъкиди Пешвои муаззами миллат ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Дар идома иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба кормандони соҳа таъкид намуд, ки дар баробари ҳамаи ин ғамхориҳо Пешвои муаззами миллат аз соҳаи маориф талаб доранд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ корҳоро тақвият бахшанд.

Сипас, ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ва ҷалби омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати хониш дар муассисаҳо, корбарӣ бо норасоии китоб, ташкили кабинетҳои фаннӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва сатњи тахассусии омўзгорон, таъмини иштироки муваффақонаи хонандагон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, олимпиадаҳои байналмилалї ва сазовор гардидан бо ҷойҳои намоён корҳо ҷоннок карда шаванд.

Масъулин иброз доштанд, ки дар ин самт корҳоро тақвият мебахшанд.

Дар фарҷом омӯзгорони фанҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи ватандӯстии хонандагон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1881
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37521
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8937583

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?