Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар як қатор мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро — Вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.

Ҳамчунин Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ — директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ таъйин гардид.

Муовини директор ва сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъйин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ Раҳимзода Шабнам-муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз -муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъйин гардиданд.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар бораи таъйин намудани Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат ба ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаҳои илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомузӣ ва бедор кардани завқи толибилмони зинаҳои гуногуни таҳсилот ба омӯзиши дақиқу сареҳи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва забоншиносӣ, ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи махсус равона гардид.

Бо натиҷагирӣ аз дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти бонизоми тамоми зинаҳои таҳсилот бояд аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор риоя ва назорат карда шавад ва камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлатҳои муайян бартараф гарданд.

«Он таваҷҷуҳ ва ғамхорие, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф зоҳир намудаанд, гувоҳи он аст, ки ин соҳа дар сиёсати пешгирифтаи мо дар мадди аввал меистад ва минбаъд низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад,»- иброз доштанд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ таъйингардида дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои дар оянда бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат фаъолият намудан барору муваффақият хостанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1881
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37521
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8937583

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?