Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту нуҳ сол пур мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тулонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши он ро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Консепсияи амнияти миллӣ ва докторинаи ҳарбии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати ягонаи давлат дар таъмини амният тақозо менамояд, ки фазои сиёсии ҷаҳони имрӯза, вазъи геополитикӣ ва дигар омилҳоро ба инобат гирифта, хатари терроризми байналхалқӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва монанди инро пешгирӣ намоем ва маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавию тарбиявӣ ва низомию ташкилиро андешем.

Созмон додани Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ бо таҷҳизот, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин намудани онҳо, инчунин таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ дар муддати хеле кӯтоҳ сурат гирифт. Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми бисту нуҳ соли гузашта бори вазнини масъулияти эҳё намудани Артиши миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз вазъи мураккаби ҳарбию сиёсӣ, ба ҳалли мушкилоти сохтори ташкиливу низомӣ, таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

Хушбахтона, имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ ҷавонписарони баору баномус аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд.

Ҳамагонро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, сулҳу осоиш ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:707
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2060
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4924
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17279
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56847
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9108098

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?