Матни равон

Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат Ғайбулло Зайниддинов собиқадори соҳаи саноат ва Султонбердӣ Каримбердиев собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқро аёдат намуд.

Дар вақти суҳбат бо собиқадорон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр таъкид намуд, ки меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор ҳамеша қадр шуда, фаъолияти бенуқсони онҳо мактаби бузург барои тарбияи насли ҷавон аст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо табрик гуфта, барояшон маводҳои яквақтинаи ниёзи аввал тақдим намуд.

Собиқадорон аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатманд ба шахсони ниёзманд ва собиқадорони соҳа кумаки иҷтимоӣ расонида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1889
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1889
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37529
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8937591

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?