Матни равон

Дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар аснои сафари корӣ  бо фаъолони шаҳрак вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ фаъолони шаҳрак ва мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки соли 2021 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ буд, чун дар ин сол ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда шуд.

Ба муносибати ин ҷашн дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди иншооти ба нақша гирифта 33 адад буда, пурра амалӣ гардид.

 

Ҷамоати шаҳраки Адрасмон яке аз ҷамоатҳои калонтарини шаҳр ба ҳисоб рафта, дорои аҳамияти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Дар ҷамоати шаҳрак 15900 нафар аҳолӣ ё ин ки 3141 хонавода истиқомат доранд.

Дар шаҳрак  5 муассисаи таълимӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият мебаранд.  Барои тандурустӣ ва солимгардонии аҳолии шаҳрак  1 беморхона, 1 маркази саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Қасри фарҳанги шаҳрак барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст. Хамчунин, дар ҷамоати шаҳрак мактаби мусиқӣ фаъолият дорад.

Дар шаҳрак 1 масҷиди ҷомеъ ва 2 масҷиди панҷвақта амал мекунад.

Баҳри  иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи арзандаи 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолият ва иҷрои пурраи нишондодҳои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли ҷорӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳрак  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки бо меҳнати садоқатмандона барои дар сатҳи шоиста истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳои ҳамаҷониба барои истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳоро дорем.

Дар идомаи сафари корӣ дар бинои ҷамоати шаҳрак қабули шаҳрвандон доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандонро шунида, барои қонеъ гардонидани онҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1519
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14851
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8166
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740556

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?