Матни равон

28 феврали соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр бо роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва ташкилоту корхонаҳо доир гардид.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр масъалаҳои иҷрои нақшаи андозу пардохтҳои давлатӣ, сари вақт таъмин намудани нақшаҳои истеҳсолӣ маҳсулотҳои саноатӣ, тақвияти корҳои ободонӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, пурзӯр намудани фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ, омода намудани шаҳр ба қабули меҳмонони олиқадр ва корбари дар самти иҷрои нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ ба масъулин таъкид гардид, ки ҷадвали вобастакунии масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарогирии роҳбарони сохторҳо ва раисони маҳаллаҳо таҳия  ва барои тасдиқ пешниҳод карда шавад. Вобаста ба таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи андозу пардохтҳои давлатӣ дар назди масъулон супоришҳои мушаххас гузошта шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ масъулин вазифадор карда шуданд, ки чорабиниҳоро бахшида ба Иди Модар ва Ҷашни Наврӯз бо омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд ташкил намоянд.

Ҳамчунин, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно  Ҳошимзода вобаста мудири шуъбаи маориф, вазифадор гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои дарпешистодаи хонандагон чораҳои қатъӣ андешад.

Ба соҳаи тандурустии шаҳр ҷиҳати дар рӯзҳои наздик пурра бо вояи аввал ба эмгузаронӣ фаро гирифтани сокинони шаҳр, ба кумитаи замин, бахши меъморӣ ва бахши амволи давлатӣ ҷиҳатӣ корбарӣ бо корхонаҳои хусусигардонидаи бекорхобида вазифагузорӣ карда шуд.

Дар охир ба масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки бо омодагии ҳамаҷониба барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ намуда, ҷиҳати ташкили чорабиниҳои гуногун аз қабили сафарбаркунии волидон ба қисмҳои ҳарбии берун аз вилоят барои аёдати фарзандон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд чораандешӣ намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:29
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15176
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6676
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739066

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?