06 Январ 2016
Офати табиӣ, ки дар аввали моҳи декабри соли гузашта дар шаҳраки Адрасмон рӯй дод ба сокинони ин ҷо ҳисороти калон овард. Аз ҷумла аз вазиши шамоли шиддатнок болои боми толори варзишии МТМУ-и №7 пурра зарар дид.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода баробари огаҳӣ ёфтан аз оқибатҳои ин офати табиӣ баҳри рафъи фаврии он мадад намуд ва даъват ба амал овард, то фаъолони шаҳрак низ бетараф набошанд.
Роҳбарияти таълимгоҳ иқдоми Раиси шаҳрро ба фаъолону соҳибкорон расониданд.
Шахсиятҳои саховатманд М.Одибоев, Қ.Турсунов, Р.Ҷӯраев, Н.Шомирзоева, К.Холбоев, О.Туйқулов, Б.Туйқулов ва оилаи Баротовҳо таҳти сарварии раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов баҳри тамиру таҷдиди боми аз шамол зарарёфта кӯмак карда, дар арафаи Соли нав сохтмон анҷом ёфт.
Кулли омӯзгорони МТМУ-и №7 арзи сипоси хешро ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ва ҳамаи ашхоси кӯмакнамуда иброз дошта, фаъолиятро баҳри тарбияи фарзандони бошараф ва номбардори миллату Ватани азиз – Тоҷикистон равона месозанд.