Матни равон

Ҷамоати шаҳраки Сирдарё аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун шаҳраки дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Таъсисёбии шаҳрак низ ба ташкили экспедитсияҳои гуногуни геологӣ, гидрогеологӣ ва ҷустуҷӯйи иктишофӣ ҳамбастагӣ дошт. Шаҳрак баъди пушти сар намудани зилзилаи шадиди соли 1985 ба мушкилии сахт рӯ ба рӯ шуда, то соли 1985 инфрасохтор ва фонди манзили шаҳрак барқарор карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳраки Сирдарё аҳамияти хосаи худро гум накарда, тадриҷан рушд ёфта истодааст.

Алҳол дар шаҳрак якчанд ташкилоту муассисаҳо бомаром фаъолият дошта, дар амалисозии функсия ва вазифаҳояшон муваффақ мебошанд.

Ҷамоати шаҳраки Сирдарё ҳамчун мақомоти худидораи шаҳрак ҷиҳати такмили инфрасохтори шаҳрак, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳрак, инчунин дар ҳамбастагии зич бо аҳолии маҳал фаъолият бурда истодааст.  Дар шаҳрак ба ривоҷи фарҳангу маънавиёт низ аҳамияти хоса дода мешавад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар қатори муассисаҳои таълимии беҳтарини шаҳр дар тарбияи насли наврас ҳиссаи назаррас дорад.

Фаъолияти кӯдакистони “Бобуна”-ро низ дар ин самт махсус қайд кардан зарур аст. Бинои нави кӯдакистони мазкур 9 феврал бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди азнавсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Кӯдакистон дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ба истифода дода шуд.

Дар шаҳрак экспедитсияи комплекси геологии “Қайроққум” амал мекунад, ки он соли 2001 бо муттаҳидсозии экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ - геологии Қайроққум, гидрогеологии Шимол ва гидрогеологии Чкалов таъсис ёфтааст. Корхонаи мазкр низ дар рушди иқтисодиёти шаҳр, кашфи конҳои нав ва дар маҷмуъ масъалаҳои геологӣ ва гидрогеологӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст.

Масъулияти бештар ба души корхонаи бисёрсоҳавии манзилию коммуналии шаҳрак мебошад. Масъулини корхонаи мазкур дар самти ҳалли масъалаҳои манзилию коммуналӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомидани ва полизӣ, нигоҳдории роҳҳои шаҳрак, тозагию озодагӣ ва гулгулшукуфоии ин шаҳрак кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Алҳол бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, пас аз қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр ташаббуси бунёди хати нави ташноб ва таъминоти оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаҳо шурӯъ гардидааст. Дирӯз дар масофаи 270 м, партоби об ва оби нӯшокӣ дар  масофаи 365 м, дар кӯчаи Имомалиев ба роҳ монда шуд.  Тибқи иттиллои роҳбари корхона Ахмедов Равшан барои анҷоми корҳо, ки аз тарафи корхонаи хоҷагии манзилию рифоҳии шаҳрак анҷом дода мешавад 123 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардидааст. Маблағи мазкур қисман аз ҳисоби буҷа ва қисман бо дастгирии аҳолии шаҳрак ҷудо шудааст.

Ин иқдом ба истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ шуда, минбаъд низ дар нақша доранд, ки корҳои бунёдкорию созандагиро дар шаҳрак тақвият бахшанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4646
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12068
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90455
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630300

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?