Матни равон

Дар толори МД «Экспедитсияи коплекси геологии Қайроққум” дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, такид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ аз 24-уми октябр то 29 октябри соли равон ба нақша гирифта шуда, вохӯрии имрӯзаи мо дар ин замина баргузор гардида истодааст.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки шаҳри Гулистон ҳамчун маркази саноатӣ ва сайёҳӣ, мардуми касбу кори гуногун аз ҷумла қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 37 корхонаи саноатӣ, беш аз 250 муассиса, ташкилот, корхонахои хурд ва ширкату муассисаҳои сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр буд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 202,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гардида, ки он баробар ба 108,7 дарсади нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 16,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 46,7 миллион сомонӣ буда, 52,7 миллион сомонӣ ё 112,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Боиси хушнудист, ки дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 3 миллиарду 588 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 105,0 дарсадро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 171,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр аз рӯи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 20,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд дар ин давра 5303 нафарро ташкил дода, ин шумора нисбати соли гузашта 571 нафар зиёд шуда, 112,1%-ро ташкил медиҳад. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон 2715 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи умумии ҷойҳои кории доимӣ дар шаҳр 12629 ҷойро дар бар гирифта, шумораи шаҳрвандони машғули кор 11180 нафар мебошанд.

Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна ба ҳолати 1-уми октябри соли 2022, 1049 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 292 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 757 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли равон 5 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуданд, аз ҷумла: ҶДММ “Лаззати Хуҷанд”- самти истеҳсол – маҳсулоти ҳасибӣ; ҶДММ “Шириниҳои Гулистон”- самти истеҳсол – маҳсулоти қаннодӣ корӣ; ҶДММ “Шоҳписанд”- самти истеҳсол – эмулсия; ҶДММ “Шермуҳаммад” – самти истеҳсол – хишти роҳрав; ҶДММ “Мубинҷон” – самти истеҳсол – лӯлаҳои пластикӣ.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2090 меҳмонони хориҷӣ ва 26404 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 23,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сипас, интихобкунандагон пурсишу дархост ва таклифҳои хешро манзур намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода таъкид намуд, ки мо дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Вобаста ба ин аз оғози моҳи ноябр шурӯъ намуда қабули меҳмонон ба вилоят ва аз он ҷумла ба шаҳри Гулистон оғоз мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки корҳои ободониву созадагӣ ва тозаву озода гардонидани шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монда баҳри қабули меҳмонон омодагии комил дошта бошем.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3483
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3966
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24109
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27726
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:127390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:139749
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6257749

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?