Матни равон

Имрӯз, 23.11.2022 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №1, №8, №14 ва гимназияи №1 баргузор карда шуд.

Дар конференсия мудири бахши ко бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори МД Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳам-замон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат хеле возеҳ ва равшан дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ муайян карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсия омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки бо Қонуни махсус тасдиқ шудааст, ҷой, макон, вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст, ки риоя ва тартиби он барои ҳамагон воҷиб аст.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар суханрониашон бахшида ба  15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:275
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12688
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91075
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630920

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?