Матни равон

Имрӯз, 07.03.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Нахуст, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода модарону бонувонро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст. Таманнои модар бардаму солим ба камол расидан, соҳиби одобу маърифат гардидан, соҳиби касбу кор ва обруманд шудани фарзанд мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо ибтикор ва ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва бо ин васила мусоидат ба ҳаёти осоишта ва рӯзгори босаодати онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуда, онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба дастгирии давлатии занон иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани ташаббусҳои неку шоистаи онҳо тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Хушбахтона саҳми занону бонувони мо дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назаррас арзёбӣ гардида, бонувони фаъоли мо дар ҷодаи вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшинову хештаншиносии наврасону ҷавонон, тарбияи босамари насли шоистаи замон нақши муҳим гузошта истодаанд.

Боварии комил дорем, ки бо илҳом аз сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат бонувону модарони мо неруву тавони нав гирифта, ҷиҳати саҳмгузории бештар дар шукуфоии Ватани маҳбубамон ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлодзода номаи табрикории Раиси вилояти Суғдро манзури иштирокчиён намуд.

Дар вазъи тантанавӣ бонувони фаъоли шаҳр, ки дар соли сипаригардида ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии модарону бонувон барномаи ҷолиби  фарҳангиро манзур намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3572
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7950
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64028
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7705948

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?