Матни равон

Имрӯз, 20.05.2023 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро аъзои Шӯро, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.

Кори Шӯро бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.  Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузории Шӯрои мазкурро дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фоли нек дониста, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро ду масъала, ҳисоботи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар давоми 4 моҳу 19 рӯзи соли 2023 ва тасдиқи лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳои Шӯро баррасӣ гардиданд.

Аз рӯйи масъалаи якум Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр суханронӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба иштирокдорон маълумот дод.

Сипас, Сарҳад Баротзода раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳр ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузориш манзур намуд.

Сипас, Зубайда Раҳмонова омӯзгори ҷавони   МТМУ №1-и маркази шаҳр, ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ба музокира баромад.

Сипас, Раъно Ҳошимзода  Раиси шаҳр суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Шўрои имрўза дар марҳалае баргузор шуда истодааст, ки сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба таҷлили  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27-уми майи соли 2016 баргузор гардид, таъкид карданд, ки ҳадаф аз таъсиси Шўро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр ба 35  нафар расонида шуда,  маблағи он 1100 сомонӣ мебошад, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр якчанд толору майдончаҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солгаии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр теъдоди зиёди майдончаву толорҳои варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кўшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин барои тақвият бахшидани фаъолияти Шӯро дар назди аъзои Шӯро якчанд вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Сипас, лоиҳаи қарор ва нақшаи кории Шӯро бо овоздиҳии кулли аъзи Шӯро қабул карда шуда, кори Шӯро ба охир расид.

Дар вазъи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 40 нафар ҷавонони фаъол сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуд.

Ҳамчунин, 35 нафар ғолибони озмуни стипендияи Раиси шаҳри Гулистон дар соли хониши 2022-2023 соҳиби шаҳодатнома ва идрорпулӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1694
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16192
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:72270
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7714190

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?