24 Июн 2023
Санаи 22.06.2023 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон миззи мудаввар таҳти унвони «Пешбурди Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандон» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбдошта “Муваффақ” Шералӣ Мираюбов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи параолимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошарипов Парвиз, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбдошта “Дурнамо” Баротов Шарифҷон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Меҳрбахш” Тенгиев Холмаҳмад, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳимояи ҳуқуқҳо ва рушди имкониятҳои ношунавоён ва нобиноён” Зебо Бидиева ва намояндаи Иттиҳодияҳои ношунавоёни шаҳри Хуҷанд Файзуллоев Музаффар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқӯқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба хуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷихати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Кӯшишҳои имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд.
Дар шаҳри Гулистон низ ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории шахсони дорои имконияти маҳдуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, мунтазам аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифта мешавад, ҳамчунин дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо аз ҳисоби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва шахсони саховатманду эҳсонкор ба ин қишри ҷомеа кумакҳо расонида мешавад.
Бо боварии комил изҳор менамоем, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.
Сипас, иштиркчиён аз Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр, ки барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ҳамаи шароитҳои заруриро доро мебошад дидан намуданд.