Матни равон

Муҳтарам кормандони соҳаи маталлургия!

Ба муносибати Рӯзи металлургҳо кулли кормандони соҳа ва собиқадорони соҳаи металлургияро самимона муборакбод гуфта, бароятон тансиҳати, рӯзгори осуда ва дар фаъолитяи меҳнатиатон муваффақиятҳоро таманно менамоям.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи июл ҳамчун Рӯзи металлургҳо ҷашн гирифта мешавад. Интихоби ин рӯз ҳанӯз дар таърихи 28 сентябри соли 1957 дар асоси қарори Прездиуми Совети Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ гардида буд. Ҳукумати Шӯроҳо бо назардошти заҳматҳои шоёни металлургҳо дар замони ҷанг ва барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат дар давраи баъдиҷангӣ ба ҳамин хулоса омада буд.

Ин санаи таърихӣ дар тақвими давлатҳои пасошӯравӣ ба монанди Тоҷикистон, Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои навташкил боқӣ монд.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи металлургҳоро одамони касбу кори гуногун, ки ба риштаи металлургияи сиёҳ ва ранга аз ягон ҷиҳат вобастаанд ҷашн мегиранд. Ҳатто кӯҳканоне, ки ба истихроҷи маъдан машғул мебошанд ин рӯзро ҳамчун иди касбӣ бесаброна интизоранд.

Вожаи металлургия аз калимаи юнони «металон» – «маъдан» ё «металл» ва «эргон» – «кор», дар маънои маҳдуди аввалааш «санъати коркарди металлҳо аз маъдан» мебошад. Имрӯз, он ҳамчун шохаи илм ва техника дар саноат мебошад, ки тамоми равандҳои ҳосил кардани металлҳо, хулаҳо, инчунин ба шакл ва хосияти муайян овардани онҳоро дар бар мегирад.

Шаҳри Гулистон, ки аз замони таъсисёбиаш бо корхонаҳои азими коркарди маъдан шуҳратёр гардида буд, алҳол низ дар ин самт пешсаф буда, ҳоло ду корхонаи азими коркарди маъданҳои кӯҳӣ ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҶМТКММ “Апрелевка” ҳамчун пешбарандаи асосии соҳаи саноат ва иқтисодиёти шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ амал мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон 41 корхонаи саноатӣ фаъолият мебаранд. Дар нимсолаи аввали соли 2023 корхонаҳои саноатии шаҳр 89 номгӯи маҳсулот ба маблағи 2 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуданд, ки ин миқдор дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 19,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати татбиқи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳила ба марҳила наздик шудан ба амалӣ гардонидани ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар саноатикунонии босуръати кишвар дар нисмолаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр 3 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат менамоянд.

Бори дигар кормандони соҳаи металлургияро бо рӯзи иди касбиашон табрику таҳният гуфта дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои рӯзафзунро орзу мекунам.

Иди касбӣ муборак бод!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:349
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1418
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:349
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10522
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8220034

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?