19 Июл 2023
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 - майи соли 2023, №148 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва қарори Раиси шаҳр аз 07.07.2023, №149 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Китобхонаи намунавии шаҳри Гулистон дар соли 2023» ҳайати ҳакамони озмун аз ҳамаи филиали китобхонаҳои ҷамоати шаҳракҳо дидан намуда истодаанд.
Санаи 18.07.2023 ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун Насим Мамаҷонов, Фаридуншоҳ Абдуллоев, Бибиомина Мирзоева ва аз филиали китобхонаи ҷамоати шаҳраки Навгарзан дидан намуда, Гулсуной Исомидинова бо ҳолати китобхона ва фаъолияти он дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 шинос гардиданд.
Ҳамчунин, ба китобхонаи мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр як миқдор номгӯйи китобҳои тозанашр тақдим карда шуд. ба масъулини китобхона-илиали шаҳрак ҷиҳати пешбурди корҳо тавсияҳои судманд дода шуд.
Лозим ба зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги шаҳрӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳракҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобу маводи чопӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, такмилу сайқали маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, амалӣ гардондани роҳу усули ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб бахшида ба солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида истодааст.
Ҳайати ҳакамони озмун пас аз боздид намудани ҳамаи китобхона-филиалҳои шаҳр ва натиҷагирӣ ғолибони озмунро муайян менамоянд.