Матни равон

30 августи соли 2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бахшида ба  таҷлили 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Истиқлолият-сарвати бебаҳои миллат”бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳадафи баргузории ҳамоишро ироа намуд.

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо. Ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода кулли фаъолони ҳизбро бо таҷлили 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро ба хотири қадршиносиву арҷгузорӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил намуда, аз он ифтихор мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр доранд.

Соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ, мустақилият ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои ҳар як миллат рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро ҳар кишвару миллате, ки тақдири имрўзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дошта, барои сарнавишти шаҳрвандони худ ва беҳбудии рўзгори онҳо талош меварзад, насибадори саодати бузург мебошад.

Дар иддома, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  суханронӣ намуда, зикр дошт, ки даврони Истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ иштирокчиёни озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”  Лоиқ Кенҷаев ва Маҳваш Бойматова бо маърӯза ва ” шеърҳо дар васфи Пешвои миллат, Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ва Ватан баромад намуданд.

Дар фарҷом, аъзоёни фаъоли ҳизб бо медали ҷашнӣ ва Сипосномаҳо қадршиносӣ гардида, ба аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1664
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18899
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84911
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7973259

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?