16 Сентябр 2023
Имрӯз, 16.09.2023 муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода аз ҷараёни мумфаршкунии роҳи Адрасмон - Хуҷанд дидан намуд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тӯли 60 сол аст, ки таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст.
Раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода иттилоъ дод, ки то имрӯз беш аз 11000 метр роҳи асосӣ мумфарш карда шудааст. Ҳамарӯза, сокинони шаҳрак дастаҷамъона дар корҳои мумфаршкунӣ иштирок менамоянд. Ҳамчунин дар 5 мавзеи селроҳаи роҳ купрукҳо бунёд карда шудааст.
Корҳо дар ин самт идома доранд. Масъулин ният доранд, ки марҳила ба марҳила роҳи мазкурро пурра мумфарш намоянд. Мумфарш гардидани роҳ мушкили рафтуомади сокинонро осонтар мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки шаҳраки Адрасмон дар фосилаи 60 км дуртар аз маркази шаҳр ҷойгир аст.