Матни равон

Санаи 10.01.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода  ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии вилояти Суғд, раиси Иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок доштанд.

Ҳамчунин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуд.

Доир ба натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр муовини якуми  Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода маърӯза намуд.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 282,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,2 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 4,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 71,6 миллион сомонӣ буда, 76,1 миллион сомонӣ ё 106,3 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,5 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи 4 миллиарду 56 миллиону 981,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 293,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давоми соли 2023 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 466,7 миллион сомонӣ сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки аз он 266,0 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 200,6 миллион сомонӣ сармоягузории дохилиро ташкил медиҳад. Аз сармоягузории дохилии татбиқшудаистода 132,2 миллион  сомонии он дар давраи ҳисоботӣ ҷалб гардидааст.

Дар давоми соли 2023 муштариёни шаҳри Гулистон ба маблағи 123,9 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда,   дар ин давра 129,0 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 104,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2023 - 3078 меҳмонони хориҷӣ ва 30024 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шањр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 33102 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ (соли 2022-33007), 100,3 фоиз мебошад.

Ҳамчунин, доир ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумот дода шуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти солона аз мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони  корхонаҳо пурсиш ба амал овард.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода  ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода доир ба фаъолтяти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти шаҳр дар соли 2023 изҳори назар намуданд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баҳри фаъолияти пурсамару бонизом дар соли 2024 ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1964
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3607
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21918
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55517
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7697437

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?