12 Январ 2024
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.
Бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар боғу гулгаштҳои шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.
Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба вазъи экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст.
Масъулин ният доранд, ки аз вазъи мусоиди обу ҳаво истифода бурда маъаракаи ниҳолшинониро тақвият бахшанд.