06 Феврал 2024
Имрӯз, 06.02.2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулмуҳаммадзода иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳоро супориданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳли таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ бо гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023” мушарраф гардид.
Шоистаи зикр аст, ки қаблан Аҳлиддин Абдураҳмонов бо ҷоизаи “Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020”, “Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021”, “Шаҳри Гулистон – Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021” сазовор гардида буд.
Дастоварди навбатӣ муборак бод!