23 Феврал 2024
Имрӯз, 23.02.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2023-2024)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон суҳбату мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, ректори донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати давлатии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, Маҳмадалӣ Бахтиёр ректори Донишкадаи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Саидмаҳмуд Саидзода директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Шаҳриёр Саъдуллозода директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Мазбуд Холиқов ректори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, Шуҳрат Машокиров иҷрокунандаи вазифаи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Худойбердӣ Эгамов ва намояндаи Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, таъкид дошт, ки дар зиндагӣ интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим аст, аз он сабабе, ки бо соҳиб шудани касб инсон дар оянда соҳиби ҷойи кор, музди меҳнат шуда худ ва азизони худро бо ризқу рӯзӣ таъмин менамояд. Интихоби касби мувофиқ имконяит медиҳад ки ҳар шахс соҳиби ҷойи кор шавад ва аз ӯҳдаи иҷрои он кор сарбаландона баромад тавонад.
Бояд ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи даваронро ба воя расонад,пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад».
Сипас, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят суханронӣ намуда, доир ба шароити таълим ва имкониятҳои донишгоҳҳо ба хатмкунандагон маълумот манзур намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр имкониятҳои фарохи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятро дарк намуда, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ ба интихоби дурусти касб ба Донишгоҳи дилхоҳи худ дохил гардида, дониши худро сайқал дода, соҳиби маълумоти олӣ мегарданд.
Дар фарҷом хатмкунандагон ба масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят барои баргузории чунин мулоқоти судманд изҳори сипос намуданд.