17 Апрел 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо таҷдид ва барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" шинос гардид.
Тавре аснои шиносоӣ маълумот дода шуд, навсозии агрегатҳои иншооти муҳими соҳаи энергетика тибқи нақша ҷараён дорад.
НБО «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии он соли 1952 оғоз гардидаанд. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онро ба миён овард.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии "Қайроққум» амалӣ шуда истодааст.
Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду навсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, роҳбари вилоят дар шаҳри Гулистон сохтмони осоишгоҳи замонавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Шаҳри Гулистон аз минтақаҳои сайёҳии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳазорон нафар сокинону меҳмонони хориҷӣ дар Баҳри Тоҷик ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои атрофи он истироҳат мекунанд. Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳр сохтмони осоишгоҳи нав идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои сайёҳон ва меҳмонон имкониятҳои нав фароҳам оварда мешавад.
Осоишгоҳи муосир метавонад барои 250 нафар дар як вақт хизмат расонад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд