Матни равон

Санаи 15.05.2024 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд аз 30-юми апрели соли 2024 доир ба вобаста намудани гурӯҳи кории доимамал дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бо сокинон мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд,  Толиб Давлатзода судияи суди иқтисодӣ, Мирҷамол Мирмаҳмадов, сармутахассиси шуъбаи маъмурии ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд,  Фирдавс Фахриддинзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Мунира Сармисоқова сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд, Маҳина Нематуллоева, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят, Равшан Ризозода сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят,  Сорбон Раҷабзода судяи суди шаҳри Гулистон, Зафар Муҳаммадзода устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Муҳаммадҷон Усмонов сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тасвиб расид.

Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2535
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2535
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53672
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263184

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?