22 Май 2024
Имрӯз, 22.05.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар кори Шуро аъзои Шуро, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Кори Шӯро бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузории Шӯрои мазкурро дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фоли нек дониста, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро ду масъала, ҳисоботи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар давоми соли 2023 ва 4 моҳаи соли 2024 ва тасдиқи лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳои Шӯро баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи масъалаи якум Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр суханронӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба иштирокдорон маълумот дод.
Сипас, Наргиза Бердиева раиси Ҷамоати шаҳраки АЧоруқдаррон доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳр ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузориш манзур намуд.
Фаридуншоҳ Абдуллоев, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ба музокира баромад.
Сипас, Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳр суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Шўрои имрўза дар марҳалае баргузор шуда истодааст, ки сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27-уми майи соли 2016 баргузор гардид, таъкид карданд, ки ҳадаф аз таъсиси Шўро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр ҳаҷми маблағи Стипендияи Раиси шаҳр ба 1300 сомонӣ расонида шуд, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр якчанд толору майдончаҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солгаии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр теъдоди зиёди майдончаву толорҳои варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кўшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд.
Ҳамчунин барои тақвият бахшидани фаъолияти Шӯро дар назди аъзои Шӯро якчанд вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Сипас, лоиҳаи қарор ва нақшаи кории Шӯро бо овоздиҳии якҷояи аъзои Шуро қабул карда шуда, кори Шӯро ба охир расид.
Дар вазъи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 30 нафар ҷавонони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуд.