25 Май 2024
Имрӯз, 25.05.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон фестивали шаҳрии футбол бахшида ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор карда шуд.
Дар фестивали мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд. Ҳамчунин дар фестивал ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ, ҷамоати шаҳракҳо, дастпарварони академия "Сомониён" беш аз 4000 нафар иштирок намуданд.
Фестивал бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёни фестивалро бо фарорасии Рӯзи ҷаҳонии футбол муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ рӯзи 9 феврали соли равон бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пешниҳод ба СММ таъкид намуда буданд, ки: "Ин як намуди варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад”.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.
Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба як қатор кӯдакону наврасон туб тақдим намуд.
Дар идома миёни ҷавонони шаҳраки Адрасмон ва дастпарварони академияи "Сомониён"-и шаҳр бозии рафиқона баргузор карда шуд, ки бо натиҷаи баробарии 2-2 ба охир расид.