Матни равон

Кӯдакону наврасони хушбахти даврони истиқлол!

Рўзи 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Ба ин муносибат ин рӯзи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон, ба кулли сокинони шаҳри Гулистон самимона табрик мегӯям.

Аввалин ва ҳуҷҷати асосии байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ шудааст ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд. Дар ин давра бо мақсади таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат ва бо мақсади таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад дар ҷумҳурӣ дар ин соха чорахои дахлдор андешида шудаанд. Дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Дар натиҷаи саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишварамон садҳо боғчаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии миёна ва умумӣ, омўзишгоҳу ҳунаристонҳо, даҳҳо мактабҳои олӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон машғуланд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша доир ба таваҷҷуҳи доимӣ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар ин замина, дар шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо барои кўдакону наврасон 11 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат, мактаби варзишӣ ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 15 майдончаи бозии кўдакона мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳудуди шаҳрамон барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи гурӯҳҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳо, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дастгирии оилаҳои камбизоат, кумаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор давра ба давра такмил меёбад.

Дар ташаккули бомуваффақияти шахсияти кӯдак ҷомеа ва оила нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, кӯдак бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Калонсолон бояд ба кӯдакон дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Тифливу домони модар беҳтарин саодати рўзгор аст ва бошад, ки шумо фарзандони азиз аз ҳама назокату фароғати тифлӣ баҳравар гардида, бо лабханду одоби ҳамида,ба рўзгори мо файзу шукўҳи дигарро ворид намоед.

Бо таманнову орзуи нек шуморо - фарзандону дўстони хурдсол сидқан табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед, ҳамчун шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб ва арзандаи миллат ба воя расед.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:853
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4984
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70996
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959344

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?