01 Июн 2024
Имрӯз, 01.06.2024 дар Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр кормандони соҳаро муборакбод намуд.
Зикр карда шуд, ки ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад.
Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдориву шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумуи Ватани азиз аст.
Изҳори итминон карда шуд, ки кормандони соҳа бо истифодаи имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранд ва баҳри ободонии ҷомеа ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.
Ба кормандони КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" кумаки яквақтина дар намуди маводи озуқаворӣ тақдим гардид.