27 Июн 2024
Имрӯз, 27.06.2024 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва пас аз ҳашт даври музокироти тулонӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.
Имрӯз кулли ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Итминони комил дорам, ки меҳнаткашони сарбаланди шаҳри Гулистон мисли тамоми тоҷикистониён, барои ободии Ватани азизамон бо азму ирода ва неруи созандаву бунёдкорона дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона кору пайкор намуда, диёри худро ба минтақаи ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Ҳамчунин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.
Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокчиён намуданд.