09 Июл 2024
8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" шинос гардид.
Бояд қайд кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии "Қайроққум» амалӣ шуда истодааст. Бо татбиқи пурра лоиҳа иқтидори нерӯгоҳ тавоноии лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳи мазкур аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида хоҳад шуд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба мутахассисони дохиливу хориҷӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
НБО «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии он соли 1952 оғоз гардидаанд. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онро ба миён оварда буд.
Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои гуногун ҷараён дорад. Аснои боздиди корӣ роҳбари вилоят бо сохтмону муҷаҳҳазсозии корхонаҳои истеҳсоли ноқилҳо, арматура, коргоҳи истеҳсоли доруи «Дорои Суғд», инчунин маркази саломатии нав шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораи сохтмон супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд