Матни равон

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ёфтааст ва ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар мебахшад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар гарнизони Суғд воқеъ мебошанд, ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбиро тӯҳфаи арзанда номида, ба соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад.

Тавре аён гардид, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди Ватан содиқонаю софдилона иҷро карда, барои оромию осудагӣ ва ҳифзи дастоварду музаффариятҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд ва чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.

Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи зебои шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти муҳим, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.

Масоҳати умумии ин мавзеъ қариб як гектар буда,  дар ҳавлии бино таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, майдончаи муосири варзишӣ, ҷой барои бозию дилхӯшии кӯдакон ва истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст.

Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми бинои истиқоматӣ бо як адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад ва ин раванд идома дода мешавад.

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат танҳо аз Вазорати мудофиа наздики ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили зист таъмин шудаанд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар ҳамин мавзеъ бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои дуошёнаи истиқоматӣ, ки аз 32 хона иборат аст, сохта ба истифода дода шуда буд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1467
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1349
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1467
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9369
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24741
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:71451
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8082444

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?